30 ноябри соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск иштирок намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои амнияти байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар ҳошияи СААД мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин такмили фаъолияти созмон ва дурнамои ҳамкорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
АМИТ "Ховар"