Дар Душанбе чорумин нишасти сарварони китобхонаҳои миллии СҲИ оғоз ёфт

Китобхонаи миллии ҳар як кишвар ниҳоди меҳварии китобхонаҳои он кишвар ба шумор рафта, ҳамчун рукни беназири фарҳанги миллӣ дар ташаккули ҳама бахшҳо таъсиргузор ва ба гунаи оинаи акснамо аз рушду пешрафти кишвар мебошад. Ба вижа дар тӯли таърих тақдири миллати тоҷик бо китобхона ҳамеша ҳамрангу тавъам будааст. Ин матлабро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода зимни баргузории чорумин нишасти раисони китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ), ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ оғоз ёфт, баён дошт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни нишаст иттилоъ медиҳад, дар он сарварони китобхонаҳои миллии 10 кишвари узви СҲИ — Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ширкат варзида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷонибаро миёни китобхонаҳо баррасӣ намуданд.

Ҳадафи баргузории нишаст ҳамкории амиқ байни китобхонаҳои миллӣ дар заминаи табодули итилооти муосир, таъмиру ҳифзи китоб, табодули таҷриба ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ, роҳандозии сомонаи муштарак миёни китобхонаҳо арзёбӣ гардид. Дар ҷаласаи коршиносон мавзӯъҳо ва масъалаҳои муҳим роҷеъ ба ҳамкории оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зикр карда шуд, ки нишасти сарварони китобхонаҳои миллии даҳ кишвари узви СҲИ фурсати хубе барои тавсеабахшӣ ва таҳкими ҳамкории минбаъда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  нишасти сарварони китобхонаҳои миллии СҲИ дар Душанбе то 29 ноябр идома меёбад.

АМИТ "Ховар"

Tags: