Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи аҳолӣ кишвари ҷавон буда, беш аз 70 фоизи аҳолии кишварро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дирӯз зимни баргузории ҳамоиши ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем», ки дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, иброз дошт.
Ба гуфтаи Мавсума Муинӣ, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Яке аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар замони соҳибистиқлолӣ 13 марти соли 1992 ба тасвиб расид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад, ки пас аз он чандин барномаҳои дигар, ба монанди барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Барномаи давлатии “Тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон”, Барномаи “Рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон” қабул гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
“Дар зарфи 26 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони мо ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд, ки пеш аз ҳама, ин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани мақомоти ваколатдори давлатии соҳа, яъне Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ёфтани стипендияи Президентӣ, таъсиси стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, таъсис додани Ҷоизаи ба номи Исмоил Сомонӣ барои олимони ҷавон мебошад. Имрӯз бояд ҷавонони мо аз ин шароити мусоид фаровон истифода бурда, ба илмомӯзӣ машғул шаванд. Тавре Сарвари давлат борҳо зимни суханрониҳояшон иброз медоранд, ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст ва маҳз ҷавонон метавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии хеш баҳри боз ҳам беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоии мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд”, — зикр намуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.
Ҳамчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода зикр намуд, ки имрӯз ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд. Онҳо барои ободию шукуфоии ватани азиз хидмати софдлона намуда, дар бахшҳои мухталиф таҳсил мекунанд ва ҳамчун мутахассисони оянда баҳри тараққиёти кишварамон ҷидду ҷаҳд доранд.
Бояд гуфт, ки Фестивали ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки ҷавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ то 25 ноябри соли равон идома ёфта, он бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими дӯстӣ, рафоқат, муттаҳидӣ, ягонагӣ дар байни ҷавонон ва шинос шудан бо ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ ва таърихии пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
АМИТ "Ховар"