Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободию бунёдкорӣ дар пойтахти кишвар босуръат идома доранд. Моҳи сентябри соли равон ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пули роҳи оҳан ва автомобилгард, воқеъ дар буриши кӯчаи Моёншо Назаршоев ва Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансур пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Тибқи лоиҳаи навсозии пули мазкур, ду канори роҳи он бо панҷараҳои мунаққаш панҷарабандӣ гардида, тамоми қисмҳои ороишии он бо чароғакҳо зиннат дода шудаанд, ки шомгоҳон ба зебоии шаҳр ҳусни тоза зам мекунанд.
Алҳол дар қисмати поёнии пули мазкур корҳои навсозӣ босуръат идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҷараёни кори сохмончиён дар ин мавзеъ аз наздик шинос шуда, бо масъулини сохтмон ҳамсуҳбат гардид.
Тибқи иттилои масъулин, қисмати поёнии пули мазкур ва тамоми аломатҳои бетонии он бо маводи ороишии сатҳӣ рӯйпӯш гардида, ҳамчунин дар зинапояҳои ду тарафи роҳи назди пул корҳои навсозӣ идома доранд. Ҳамзамон ин қисмати пул низ чароғон гардонида мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмончиён роҳҳои пиёдагарди ду ҷониби кӯчаи Аҳмади Донишро бозсозӣ намуда истодаанд, ки он барои равуо ва бехатарии роҳгузарон мувофиқ гардонда шудааст. Ҳамчунин масъулин иброз доштанд, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ шинонидани дарахт ва майсазоркунии атроф шурӯъ мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки пули роҳи оҳан ва автомобилгарди мазкур аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» навсозӣ ва таъмиру тармим гардидааст. Тарҳи наву лоиҳаи навсозии он аз ҷониби ҶДММ «Кул-дизайн» ва ҶДММ «Инвест лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ ва васлу насби қисматҳои он аз ҷониби ҶДММ «Строймет» ва ҶДММ «Машҳад Коло» анҷом дода шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа беш аз як миллиону чорсад ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Рухсораи НУР
АМИТ"ХОВАР"