Дар даври ниҳоии машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ, ки аз 10 то 20 ноябри соли 2017 дар машқгоҳҳои низомии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст, зарбаҳои санҷишии шадиди навбатии маҷмӯи мушакҳои амалиётӣ-стратегии Искендер-М пешбинӣ гардидаанд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, машқҳои муштарак дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, ба онҳо беш аз панҷ ҳазор нафар ҳайати шахсӣ ҷалб мегарданд. Ҳамзамон дар ин размоиши муштараки васеи низомӣ 64 авиатсияи мухталифи ҷангӣ, зиёда аз 1500 навъи гуногуни техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ, инчунин силоҳу муҳимоти ҳарбӣ истифода мешаванд.
Дар доираи Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва дар асоси қарори қабулнамудаи сарони кишварҳои узви Созмони мазкур баргузории машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегӣ дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон ва дар асоси қарори дуҷонибаи роҳбарони сатҳи олии Тоҷикистону Россия машқҳои баталионӣ-тактикӣ дар машқгоҳҳои ҳарбии «Сумбула», «Лоҳур», «Ҳомиён» ва минтақаҳои наздисарҳадии «Ҳалқаёр ва Ҷайралӣ» бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Ҳавзаи марказии ҳарбии Федератсияи Россия пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи нақша дар доираи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ гурӯҳҳои амалиётии вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СААД ва интиқоли теъдоди неруҳои муаяйншудаи ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия муҷаҳҳаз бо силоҳ, техникаҳои зиреҳпӯш, захираи лавозимоти ҷангӣ ва дигар дастгоҳу маводи зарурӣ тавассути ҳавопаймоҳо, авиатсияи ҳарбиву нақлиётӣ ва роҳпаймоии маршӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки низомии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро манбаъ, пеш аз ҳама, дар мукаммалгардонии сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии Созмони мазкур, тарҳрезӣ намудани назару муносибати ягонаи кории мақомоти идории ҳарбии кишварҳои аъзо дар ташкили амалиёти муштараки зиддитеррористӣ дар шароити кӯҳистон, бо усули ягона идора кардани Ситоди муштараки муттаҳидаи қӯшунҳо, таъмини бехатарӣ дар минтақа ва табодули таҷрибаомӯзӣ дар таҳия, ташкил ва баргузор кардани унсурҳои зиддитеррористӣ арзёбӣ намуд.
АМИТ "Ховар"