Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон бо ин, санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6 ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқӯъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хатти заррин ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.
Албатта, ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ боиси пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад, арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин қонун ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи талаботи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳақ надоранд қадру қимати инсонҳоро паст зананд. Масъалаи дигари муҳими он дахлнопазирии шахсият, манзил ва монанди инҳо мебошад.
Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мебошад ва барои ҳама баробар дониста мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши басо муҳим дорад. Конститутсия шиносномаест, ки моро муаррифӣ мекунад ва мақсаду мароми ҷомеа ва давлат дар он нишон дода шудаанд.
Дар ин робита зимни суҳбат Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон иброз дошт, ки «хушбахтона, мо тавонистем соли 1994 ин санади муҳимро қабул созем. Конститутсияи мо имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати яке аз панҷ конститутсияҳои пешрафта эътироф шудааст».
Ба қавли номбурда, миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тавонист дар асоси меъёрҳои ин санад сулҳу ваҳдати комилро ба даст орад.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои 2003 ва 2016 ба ин санад ду маротиба тағйироти дахлдор ворид гардиданд, ки онҳо Конститутсияро боз ҳам мукаммалтар карданд.
«Албатта, Конститутсия инъикоскунандаи ҷомеаи мавҷуда аст. Он тағйироте, ки дар ҷомеаи мо мешаванд, дар Конститутсияи мо низ нақши худро мегузоранд. Мақсади мо рушди устувори ҷомеа аст ва он стратегияе, ки то соли 2030 қабул шуд, яке аз самтҳои он мусоидати ҳуқуқӣ мебошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо ба даст овардани мақсадҳое, ки дар стратегия ҳастанд, дар рушди минбаъдаи давлат як қадами устувор гузошта шуд»,-изҳори назар кард Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.
Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин илова намуд, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд бештар боло бурда шавад. Аз ҷумла, омӯхтани Конститутсия ва таъмини волоияти ин санади тақдирсоз вазифаи аслии ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Имрӯз Конститутсияи кишвар дастури роҳнамои мардум гардида, баҳри таъмини амнияту осоиштагии шаҳрвандони тоҷик нақши бориз дорад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои ин санади муҳими таърихӣ дар фазои орому осоишта озодона зиндагӣ доранд.
АМИТ «Ховар»