Конфронс таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ» ба кори худ шурӯъ мекунад

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронс дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ» бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, доираи васеи намояндагони мақомоти расмии ҷумҳурӣ,  сармоягузорону соҳибкорон ва ширкатҳои ватанию хориҷӣ, олимону коршиносон, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд тазаккур дод, ки Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи мамлакат рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, аз ҷумла  қонунгузорӣ ва заминаи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардида,  рушди инфрасохтори соҳа  ташаккул ёфт.
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000 то 67 фоиз дар соли 2015 зиёд гардида, ҳоло 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин мегардад. Рушди иқтисодӣ дар доираи 7 фоизи солона таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000-ум то 32 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуд.
Эълон гардидани 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкор аз соли 2001то ин замон баргузор намудани мулоқоти мунтазами Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳамоишу Форумҳои байналмилалӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо, фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ бо мақсади иштироки васеи намояндагони бахши хусусӣ дар баррасии масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ баёнгари таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҳамзамон илҳомбахши соҳибкорону сармоягузорон дар рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Дар назар аст, ки иштирокдорони конфронс атрофи натиҷаҳои дар самти ташаккули сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ бадастомада ва иқдомоти минбаъдаи соҳибкорону сармоягузорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ дар мамлакат мулоҳизаронӣ намоянд.

АМИТ«Ховар»

Tags: