Сироҷидин Аслов ва Ара Баблоян оид ба рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд

 30 октябри соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳайати Парламенти Ҷумҳурии Арманистон таҳти сарварии Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон баррасӣ гардида, роҷеъ ба дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи минбаъда, инчунин рӯзномаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

АМИТ "Ховар"

Tags: