26 октябри соли равон дар доираи Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохўрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо иштирокчиён — меҳмонони хориҷии намоишгоҳ баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохўрӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов, намояндагони ширкатҳои табъу нашр аз Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Ўзбекистон, инчунин коршиносони соҳа аз Тоҷикистон иштирок намуданд.
Вазири фарҳанг аз иштироки меҳмонон дар намоишгоҳи мазкур, ки барои кишвари мо падидаи бузург аст, изҳори сипос намуда, оид ба муносибатҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистон бо ҳар яке аз ин кишварҳо ҳарф зад.
«Чанде пеш дар доираи Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон намоиши китобҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд ва Тоҷикистон кўшиш менамояд, то дар намоишгоҳҳои китоб дар дигар кишварҳо низ маҳсулоти чопии худро муаррифӣ намояд»,- изҳор дошт Шамсиддин Орумбекзода.
Олег Иванов пешниҳод намуд, ки нашри маҷаллаҳои адабии Беларус дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ва нашри маҷаллаи адабии «Помир» дар Беларус сабаби боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои ду кишвар дар ин соҳа хоҳад шуд.
Муовини аввали директори Агентии табъу нашр ва иттилооти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мизроб Мавлонов пешниҳод кард, ки дар Тоҷикистон фурўши китобҳои ӯзбекӣ ва дар Ӯзбекистон, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро фурӯши китобҳои адибони тоҷик ба роҳ монда шавад.
Мавриди зикр аст, ки 26 октябри соли равон меҳмонони хориҷии намоишгоҳ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чопхонаи муосири «Ганҷ», майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дидан намуданд.
АМИТ "Ховар"