МУРОҶИАТНОМАИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» БА ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ

Ҳамватанони гиромӣ!
Боиси ифтихори бузург аст, ки Тоҷикистони азиз ба шарофати талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол рушд карда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Комёбиҳои мо, махсусан, дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон — таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ назаррас мебошад.
Дар муддати кӯтоҳ мо бунёди як силсила иншооти муҳими энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро ба анҷом расонидем ва соҳиби иқтидорҳои нави истеҳсоли нерӯи барқ гардидем.
Дар ин давра, ҳамчунин, таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзобро оғоз карда, корҳои зиёдеро дар ин самт ба анҷом расонидем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем.
Илова бар ин, бунёди беш аз 350 нерӯгоҳи хурдро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони қисми бештари онҳоро ба анҷом расонидем, ки бо ин роҳ вазъи таъминоти аҳолии ноҳияву деҳоти дурдаст бо барқ хеле беҳтар гардид.
Дар баробари бунёди иқтидорҳои нав, инчунин, якҷо бо шарикони рушд сохтмони инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳои барқӣ вусъат пайдо карда, тавассути ин иқдом низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.
Бар замми ин, ба фаъолият оғоз кардани маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе шароит фароҳам овард, ки пойтахти кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо барқу гармӣ таъмин карда шавад.
Соли гузашта мо аҳолии кишварро бо нерӯи барқ таъмин намуда, танҳо аз якуми ноябри соли 2016 то чордаҳуми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқро маҳдуд карда будем.
Лекин имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем.
Дар баробари ин, ба сокинони кишвар муроҷиат карда, ба ҳамаи онҳо хотиррасон менамоем, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд.
Сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Бовар дорем, ки сокинони кишвар ба истифодаи мақсадноку сарфакоронаи нерӯи барқ муносибати ҷиддӣ мекунанд ва тирамоҳу зимистони имсоларо бидуни мушкилот паси сар менамоянд.
Ширкати саҳомии холдинги
кушодаи «Барқи тоҷик»