Бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, Ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва бо кумаки Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом маркази будубоши рӯзона барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом хабар доданд, марказ аз толорҳои бозӣ, мусиқӣ, китобхона, ошхона, ҳуҷраҳои дамгирӣ, ҳунаромӯзӣ, санитарӣ, равоншинос, асабшинос, логопед, тренинг ва маъмурият иборат мебошад. Дар сохтмони бино аз ҷониби Сафорати Япония 81 ҳазор доллари амрикоӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар ҳаҷми 130 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки чунин ҳамкории судманд бо Сафорати Япония бори аввал набуда, ду сол қабл маҳз бо кумаки бевоситаи онҳо шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин шуд.
Маркази инкишоф ва барқарорсозии кӯдакони дорои имконияти маҳдуд имкон медиҳад, ки минбаъд чунин кӯдакон миёни ҳамтоёни хеш дар муҳити созгор худро боз ҳам хушбахттар эҳсос намуда, новобаста аз имкониятҳои хеш чун инсонҳои асил ба воя расанд.
АМИТ "Ховар"