Нимаи аввали имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 73-юми Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои вазоратҳои мудофиаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ маҷмӯи масъалаҳо оид ба ҳамкории бисёрҷониба дар самти мудофиа ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вазирони мудофиаи кишварҳои ИДМ вазъи сиёсӣ-ҳарбӣ дар сарҳадҳои ҷанубии Иттиҳодро баррасӣ карда, оид ба таъсири он ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.
Бо назардошти вазъи кунунӣ дар марзҳои ҷанубии Иттиҳод ҳолат ва зарурати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории ҳарбӣ миёни кишварҳои ИДМ баҳогузорӣ шуда, нақша ва тадбирҳои муштараки ҷавобӣ барои ояндаи наздик пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ нақшаи чорабиниҳои муштараки неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои ҳавоиро барои соли 2018 тасдиқ намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиа вобаста ба самти асосӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил намудани ҳамкорӣ ҷиҳати роҳандозӣ кардани таъминоти муҳандисӣ дар Қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои узви ИДМ, истифодаи муштарак аз алоқаи кайҳонии таъйиноти ҳарбӣ, ҳамкорӣ дар бахши омодагии ҷисмонӣ, таъсис додани ассотсиатсияҳои миллӣ оид ба бозиҳои артишӣ ва муттаҳид кардани онҳо дар Ассотсиатсияи байналмилалии бозиҳои Артиш қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Қарор карда шуд, ки байни хадамотҳои топографии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ИДМ ҳамкорӣ ва мусоидати касбӣ ҷорӣ карда шавад.
Вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти таъминоти иттилоотӣ қарор қабул карданд, ки дар назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои таъминоти иттилоотии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳод тасъис дода шавад. Низомномаи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои таъминоти иттилоотӣ аз ҷониби роҳбарони вазоратҳои мудофиа якдилона дастгирӣ карда шуд.
Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар соли 2017 таҳлил ва нақшаи фаъолияти Шӯро барои соли 2018 баррасӣ гардид.
Дар ибтидои соли равон ба муносибати 25-солагии таъсиси Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ якчанд озмунҳои эҷодӣ эълон шуда буданд. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро натиҷаи ин озмунҳо -бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ миёни артишҳои давлатҳои дӯст, Озмуни байналмилалӣ оид ба беҳтарин маводи журналистӣ, Озмуни байналмилалӣ оид ба беҳтарин тадқиқоти ҳарбӣ-илмии курсантони муассисаҳои олии ҳарбии таълимии кишварҳои ИДМ ҷамъбаст карда шуданд.
Роҳбари дастгоҳи Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Бурутин ва Котиби Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ Юрий Дашкин дар ҷаласаи мазкур сухан гуфтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ва бо вазири мудофиаи Ӯзбекистон Абдусалом Азизов баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни мулоқот ва гуфтушунидҳои мазкур масоили рушди ҳамкории ҳарбӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасӣ гирифтанд.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Закир Гасанов, муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Арманистон Артак Закарян, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Беларус Андрей Равков, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сакен Жасузаков, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Нурлан Чомоев, вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба хотири таҳкими робитаҳои дӯстона миёни кишварҳо дар саҳни «Кохи афсарон» бо нишони хотира дарахти ҳамешасабзи коҷ шинонданд.
Хотиррасон мешавем, ки қабл аз оғози кори ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз дар «Қасри миллат» роҳбарони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд.
АМИТ "Ховар"