Рӯзҳои 9,10,11 октябри соли равон, соати 14:00 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ифтихори Соли ҷавонон ва 10-солагии Рӯзи фалак, ки ҳамасола 10 октябр дар мамлакат таҷлил мегардад, силсиламаҳфилҳои «Шоми фалакхонӣ» доир мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маҳфилҳо устодону донишҷӯёни факултаи мусиқии суннатии тоҷик барномаи ҳунариро бо се шакли фалакхонӣ – ғазалхонӣ дар фалаки роғӣ, мадҳияхонӣ ва фалаки созӣ манзури ҳаводорони ин намуди санъат мекунанд.
Боиси зикр аст, ки тобистони соли 2017 як гурӯҳ устодони Консерватория дар минтақаи Кӯлоб ва Бадахшон экспедитсияи этнографӣ анҷом доданд. Зимни экспедитсия аз ҷониби 60 нафар ҳунарманди фалакхон беш аз 100 намуди фалак сабт карда шуд. Маводи мазкур дар шакли электронӣ ба китобхонаи Консерватория супорида мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки мусиқӣ дар тӯли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ, зимни вижагиҳою рангомезии лаҳнияш аз замони бостон то кунун иҷро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки маҳфуми фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рӯзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст.
Аз ин лиҳоз, имрӯз жанри мусиқии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.
Амит"ХОВАР"