Истиқболи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ҷакарта

Шаби 31-уми июли соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Индонезия шуд.
Дар толори махсуси фурудгоҳи байналмилалии Ҳалим Перданакусумаи  Ҷакарта Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони сатҳи баланди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия  истиқбол гирифтанд.
Хотиррасон менамоем, ки ин боздиди сеюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия буда маротибаи аввал дар соли 2003 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба бо сафари давлатӣ аз ин кишвар дидан кардааст.Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар моҳи октябри соли 2003 7 сандаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминагузори рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.
Барномаи сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хосса бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодиро фаро мегирад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия маҷмуи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: