Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Чораҳои муқовимат бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, дар бораи фаъолиятҳои собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва манбаъҳои маблағгузории он» бо иштироки намояндагони мақомоти салоҳиятдор ҷаласа баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, иштирокдорони ҷаласа изҳор доштанд, ки экстремизми динӣ зуҳуротест, ки метавонад зери таъсири қувваҳои беруниву бегона пайдо шавад. Дар замони муосир экстремизм бо ёрии шабакаҳои интернетӣ имконияти бештари густариш додани идеологияи бунёдгарои худро дорад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии барномаҳои байналмилалии мубориза бо фаъолиятҳои экстремистӣ ва идеологӣ мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа масоили низоми амал ҳангоми таҳдидҳои экстремизми динӣ ва терроризм, фош намудан ва пешгирии таъсири ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи насли наврас мавриди суҳбат қарор гирифт.
АМИТ "Ховар"