«ДУНЁИ МЕҲР» аз байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст истеъдодҳои нодирро дарёфт кард

Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони «Дунёи меҳр» баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур, ки бо ташаббуси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон баргузор гардид, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

«Дар даври аввали фестивал, ки дар ҳама мантақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, 162 нафар хоҳишмандони аз 8 то 35- солаи қувваи босираашон суст ё нобино, ки дар навозиши асбобҳои миллӣ ва аврупоӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ ва классикӣ, инчунин хониши бадеии шеъру тарона ва порчаҳои насрӣ истеъдод доранд,  иштирок карда, 27 нафарашон ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд»,- зикр шуд дар оғози фестивал.

Раиси Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон Турбек Давлатов аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қишри нобинои ҷомеа изҳори сипос намуда, зикр кард, ки фестивал  дар доираи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба таҷлили Соли ҷавонон ва 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Иттиҳодияи миллии нобиноён баргузор гардид».

Мақсади фестивал дарёфти чеҳраҳои нав ва ҷавон, истеъдодҳои нодир дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, тарғибу ташвиқи санъати ниёгон ва муосири тоҷик, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти дастаҳои худфаъолияти бадеӣ дар назди филиалҳои Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, хештаншиносии наврасону ҷавонон ва мустаҳкам намудани робитаи эҷодӣ байни ҳаваскорони санъат ва устодони варзидаи ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.

Дар интиҳо иштирокдорони даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии нобиноён «Дунёи меҳр», ки 10 нафар аз вилояти Суғд, 6 нафар аз вилояти Хатлон, 6 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ, 3 нафар аз шаҳри Душанбе ва 2 нафар аз ВМКБ буданд,  бо диплом ва ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: