Озмуни навбатии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Қуллаи шараф» оғоз гардид

Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни навбатии ҷумҳуриявии  «Бренди сол-2017» таҳти унвони «Қуллаи шараф» оғоз гардид.
Тавре аз «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии озмун ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди брендҳо, ҳавасмандгардонии ширкатҳо барои истифодаи брендинг мебошад.
Ҳамзамон озмуни мазкур нишон медиҳад, ки бренд ба ширкатҳо чи гуна бартариятҳои рақобатнокиро дар бозор ва пешрафти тиҷорат медиҳад.
Иштирок ва ғолибият дар озмун омили беҳтар намудани обрўи ширкатҳо, ба даст овардани маъруфият ва эътироф  миёни истеъмолкунандагону рақибон дар ҷумҳурӣ шуда метавонад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, рушди тиҷорат ва брендинг дар Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Мавриди зикр аст, ки натиҷаҳои озмуни «Бренди сол» бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ ҷамъбаст карда мешаванд.

АМИТ "Ховар"

Tags: