Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз зикр карданд: «Соли ҷорӣ ҳангоми фаромадани сел аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон маҷрои дарёи Панҷ баста шуда, ба манзилҳои зисти сокинони деҳоти Хоставу Ширговат ва инфрасохтори роҳ хисороти калон расида, 1200 метри роҳи байналмилалӣ зери об монд. Дар натиҷа 15 манзили истиқоматӣ пурра хароб гардида, 6 хона қисман зарар дид ва ҳаракати воситаҳои нақлиёту рафтуомади сокинон барои чанд рӯз маҳдуд шуд. Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар оқибати офати табиӣ дар муддати хеле кӯтоҳ бартараф гардида, имрӯз 21 оилае, ки манзили зисташон хароб шуда буд, дар мавзеи Яхчисор бо хонаҳои навбунёд таъмин гардиданд ва ҳаракати мунтазами нақлиёт низ ба роҳ монда шуд».
Сарвари давлат оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои мошингузар чунин изҳор карданд: «Вобаста ба шароити душвори кӯҳистон ва ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои ҳудуди ноҳияи Дарвоз Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки дар се соли оянда маблағгузориро дар ин самт аз ҳисоби буҷети давлат 20 фоиз зиёд намояд. Дар иртибот ба ин, Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвозро зарур аст, ки ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои ба нақша гирифташуда ва таъмин намудани бехатарии роҳҳо, инчунин самаранок истифода кардани роҳҳои нав ва сохтмони иншооти зиддитармавию садамавӣ лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия ва татбиқ намоянд».
АМИТ "Ховар"