«Файзи Истиқлол» — намоиши амалҳои рассомон бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Файзи Истиқлол» — таҳти чунин унвон намоиши амалҳои рассомон бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Арт-галереяи «Сомониён»-и шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар намоиш Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият ифтитоҳ гардидани намоиши рассомон таҳти унвони «Файзи Истиқлол» хеле рамзист. Чунки дар он на фақат манзараҳои табиати диёри офтобӣ, балки он дастовардҳое, ки дар тӯли истиқлолият рассомони тоҷик ба даст овардаанд, намоиш дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки иштирокчиён дар намоиш  бо эҷоди рассомони чирадаст аз қабили Карим Мӯъминов, Наим Мӯъминов, Шариф Ҳикматов, Саиднеъмат Саидоқилзода, Далер Усмонов, Акбар Исоев, Валӣ Маҳмудов ва дигарон шинос шуда, ба истеъдод ва маҳорати онҳо  баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки Арт-галереяи «Сомониён» ҳамчун маркази намоиши асарҳои тасвирӣ аз соли 1998 фаъолияти худро оғоз намуда, дар тӯли қариб 20 сол, зиёда аз 150 намоиши хурду бузурги рассомонро ба маърази тамошо гузоштааст.

АМИТ "Ховар"

Tags: