Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Юрий Хачатуровро, ки ҳамчун роҳбари ин ниҳод нахустин маротиба ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон, ки моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус баргузор мегардад, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷрои корҳо ҷиҳати таъсиси системаи ягонаи ҳамкорӣ байни давлатҳои иштироккунанда дар соҳаи мудофиа ва амният, ки давоми 25 соли имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 15 соли таъсисёбии Созмон амалӣ шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо оид ба мавқеи ягонаи кишварҳои аъзои созмон доир ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, мустаҳкам кардани сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Афғонистон барои таъмини амнияти ҳудуди давлатҳо ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон, тақвияти муборизаи муштарак бо густариши терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҳамкории дастаҷамъии сохторҳои марбутаи кишварҳои аъзо дар самти баланд бардоштани самаранокии кори амалиёти муштараки фаврӣ — ҷустуҷӯӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.