Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ва пагоҳ дар бештари минтақаҳои мамлакат ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва офтобӣ дар назар дошта шудааст.
Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14, рӯзона 27-32 дараҷа, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 33-38 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона 33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, шабона 12-14 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм хоҳад шуд.