Бегоҳии дирӯз дар назди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо садои карнаю сурнай, рақсу бозии ҳунармандон ва иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, илму адаб ва мухлисони зиёди саҳнаи театри тоҷик маросими кушодашавии 88-умин мавсими театрӣ баргузор гардид.
Дар толори якуми театр аксҳо аз нақшҳои офарида ва китобҳои таълифнамудаи Ҳошим Гадоев ба намоиш гузошта шуда буд, ки бинандагон аз он илҳоми тоза гирифтанд. Ин аксҳо бозгӯкунандаи 60 соли фаъолияти эҷодии ин ҳунарманди маҳбуби Тоҷикистон буданд.
«Барномаи фарҳангии мазкур ба 26–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 60-солагии фаъолияти эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадоев бахшида шуд»,-иброз дошт муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Машраб.
Аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷи худ санъаткорон ва ҳунармандонро истиқбол гирифта, порчаҳоро аз филмҳое, ки дар онҳо Ҳошим Гадоев нақш офаридааст, ба монанди «Зане аз диёри дур», «Рустам ва Суҳроб», «Нури гулханҳои хомӯшшуда», «Сарҳади давлатӣ» ва «Шоҳ Эдип» тамошо карданд.
Саҳнаҳое, ки пешкаши тамошобинон гардиданд, аз фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадоев гирифта шуда, дар нақшҳо ҳунармандони театрҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ҳунарнамоӣ карданд.
Тавре Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон иброз дошт, «Ҳошим Гадоев ҳунарманди нотакрор, аз бозёфтҳои нодири театри тоҷик аст, ки нақшҳои тоза, қаҳрамонҳои безаволро офарида, бо ин дар дили мухлисони худ ҷой гирифтааст. Ӯ беҳтарин ҳунарманди фоҷианигор буда, аз нисф зиёди умрашро дар саҳнаи театр паси сар кардааст, дар бозиҳои пасипардагии театр навгониҳои зиёд ворид ва ҳамеша зиндагиву ҳунармандиро тавъам кардааст».
Ҳошим Гадоев устоди садҳо ҳунармандони маъруфи саҳнаи тоҷик буда, тӯли фаъолияти қариб 60-солаи худ дар саҳнаи театр ва кино беш аз 100 нақш офаридааст. Ӯ дар ин муддат зиёда аз 40 намоиши хурду калон ба саҳна гузошта, муаллифи чандин китобу мақолаҳо мебошад.
АМИТ "Ховар"