Имрӯз дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни маҷмааи олии таълимии навбунёд роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз лавҳаи рамзӣ бардошта, расман ба фаъолияти марҳилаи аввали Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд ва онро туҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати олӣ анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот масъулони соҳаро вазифадор намуда буданд.
Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фармоишгар Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корез-лоиҳа» ва пудратчиёни асосӣ – Корхонаи давлатии сохтмонӣ-васлкунии №2 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Сари Хосор», Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмонии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Сохтмони Кулиён» бо харҷи беш аз 117 миллион сомонӣ бунёд мегардад.Марҳилаи аввали ин маҷмаа аз бинои таълимии 8 ошёна барои 1680 нафар курсант, 2 хобгоҳ барои 800 нафар барои курсантҳо, бинои истиқоматии 6 ошёнаи 48-ҳуҷрадор барои афсарон, толори варзишӣ ва таваққуфгоҳ барои 50 мошини сабукрав иборат мебошад.
Барои анҷоми марҳилаи аввали сохтмони Маҷмааи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз бинои таълимӣ ва дигар иншооти зарурӣ иборат аст 69 миллиону 780 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумлаи ин маблағҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ барои сохтмон 4 миллион ва бо таҷҳизоту мебел муҷаҳҳаз гардонидани бинои таълимӣ 9,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Бинои таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се қисмати А, Б ва В-и ҳампайваст бо таҳхона, бомпӯшҳои ҳамвор ва шервонӣ иборат буда, дорои 8- ошёна мебошад ва масоҳати умумии бино – 18 ҳазору 481,2 м2-ро ташкил медиҳад.
Қисматҳои А ва В-и бинои таълимӣ дорои хазинаи китобхона барои 144400 китоб бо 2 толори хониш барои 35 ҷойи нишастӣ, китобхонаи электронӣ бо толори тестқабулкунӣ, 2 толори лексионии гурӯҳӣ бо 245 ҷойи нишаст, толори маҷлисгузаронӣ барои 433 ҷойи нишаст, 90 синфхонаи таълимӣ аз он ҷумла; синфхонаҳои махсуси криминалистӣ 1 адад, фаъолияти оперативӣ ҷустуҷуӣ 1 адад, ронандагӣ 1 адад, таҷҳизоти махсус 1 адад, бехатарӣ аз сӯхтор 1 адад, утоқи машварати олимон 1 адад ва синфхонаҳои компютерӣ дар ҳар блоку ошёнаҳо 13 адад мебошад.
Дар ошёнаҳои 1 ва 2-юми блоки Б-и бино утоқи навбатдорон, утоқҳои проректорон, қабулгоҳ, утоқи кории ректор, толори хурди маҷлис ва қабули меҳмонон ҷойгир мебошад.
Дар ошёнаи 3-юм то 8-уми бино утоқҳои деканҳо, муовинони деканҳо, мудирони кафедраҳо, утоқҳои корӣ, утоқҳои муаллимон, утоқхои хоҷагидорӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир аст.
Робитаи дар байни ошёнаҳои бинои нав бо 5 зинапоя ва 2 лифти мусофиркаши замонавӣ таъмин карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти навбунёд баҳои баланд дода, барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳа ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Баъд аз ифтитоҳи иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи Дониш дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷуёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.
Дар ҳамин рӯз бо иштироки афсарону курсантҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расми гузашти низомӣ баргузор гардид, ки ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.