Бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машқгоҳи саҳроии «Лоҳур»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 130 нафар донишомӯзони курси якуми Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ дар маросими тантанавӣ савганд ёд карданд. Дар ин маросим ҳайати роҳбарикунандаи Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ, собиқадорон ва падару модарон иштирок намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадӣ хабар доданд, роҳбарияти Донишкадаи олии сарҳадӣ ба донишҷӯён муваффақият орзу намуда, зикр карданд, ки моҳияти асосии Савганди ҳарбӣ- ин ҳифзи сохти конститутсионии давлат, марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият ба шумор меравад.
Дар хотима марши тантанавии курсантон сурат гирифт.
АМИТ "Ховар"