Рӯзи дуюм аст, ки дар Корти тенниси тобистонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба шарафи 26-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқа 80 нафар, аз ҷумла 27 духтар аз Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Афғонистон ва Туркия иштирок доранд.
Зикр шуд, ки соли ҳаштум аст дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.
Дар доираи мусобиқа аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Саидов, раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон бо унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», Наргизахон Яҳёева ва Анастасия Турсунова бо унвони «Устоди варзиши Тоҷикистон» қадрдонӣ гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи мазкур то 27 август идома меёбад.
АМИТ "Ховар"