Мутахассисони Тоҷикистону Қирғизистон дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ мубодилаи таҷриба мекунанд

Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ»–и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ  оид ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории лейшманиозҳо барои мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, давраи омӯзишӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифта, дар он ҳафт нафар мутахассисони қирғиз аз таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар самти пешгирӣ ва мубориза бо бемории лейшманиозҳо огаҳӣ пайдо мекунанд. Мутахассисони қирғиз ҳамчунин вобаста ба ин масъала мубодилаи таҷриба хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Лейшманиозҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо» ҳамчунин дар дигар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакенти вилояти Суғд идома меёбад.

Бояд гуфт, ки лейшманиоз бемории сироятие мебошад, ки ҳангоми неш задани ҳашароти зараррасон дар организми инсон пайдо мешавад. Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, лейшманиоз дар 88 мамлакати дунё ба назар мерасад. Аз ин 72 давлат тараққикарда буда, 13-тои дигар мамлакати  қашшоқтарини дунё   ба ҳисоб мераванд.    Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 12 миллион нафар аз ин беморӣ азоб мекашанд. Ҳар сол зиёда аз ду миллион нафар аз ин беморӣ зарар мебинанд, ки аксарияти онҳо дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд.

АМИТ "Ховар"

Tags: