250 нафар ҷангиёни ДИИШ маҳв гардиданд

Қариб  250 нафар ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар ҷараёни ҳамлаҳои  ҳавоии эътилоф бо сардории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар наздикии шаҳри Ал-Фаллуҷа дар ғарби Ироқ маҳв карда шуданд, — иттилоъ медиҳад РИА «Новости»  бо истинод ба агентии Рейтер.
Бино ба ҳисобҳои пешакӣ, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ, ки рӯзи чоршанбе ба силоҳбадастон равона шуд,  на камтар аз 40 воситаи нақлиёти мутааллиқ ба ДИ нобуд карда шуд. Бино ба иттилои манбаъ, маълумот метавонад баъд аз арзёбии дуруст тағйир ёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: