11-15 августи 2017 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фератсияи Россия Владимир Путин дар шаҳри Сочи намоиши маҳсулоти баландсифати кишоварзии Тоҷикистонбаргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби раиси шаҳри Сочи Aнатолий Пахомов ва роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ботантана ифтитоҳ гашт. Дар ин бора маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР хабар дод.
Тавре Раиси шаҳри Сочи зимни суханронии худ зикр намуд, “чунин тадбирҳо дорои таъсири басо мусбат ба савдои байниминтақавӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар, рушди рақобати солим, тавсеаи бозорҳои нав мебошанд ва ба муоширати байналмилалӣ низ мусоидат менамоянд”.
Ба намоишгоҳи мазкур зиёда аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзии дорои сифати баланди истеҳсолкунандагони тоҷик дастрас карда шуд.
Дар тӯли панҷ рӯз теъдоди зиёди сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дидан намуда, тавонистанд ба таври ройгон аз тамъи лазизи маҳсулоти Тоҷикистон баҳраманд шаванд ва бо нархи хеле дастрас аз навъҳои зиёди ангур, харбуза, шафтолу, себу нок, зардолу ва мағзу хушкмеваҳои гуногун харидорӣ намоянд.
Бо дарназардошти дархостҳои сершумори сокинон ва меҳмонони шаҳри Сочи муҳлати баргузории сеюмин намоишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон боз ба ду рӯзи дигар тамдид карда шуд.