129 нафар зоирин аз Хуҷанд ба ҳаҷ сафарбар мегарданд

 Имсол аз шаҳри Хуҷанд тибқи меъёри муқарраргардида 129 нафар ба Арабистони Саудӣ барои иҷрои фарзияи динӣ сафар хоҳанд кард.

Гусели гурӯҳи аввалин бо роҳбарии 4 нафар роҳбалад  16 август аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар назар дошта шудааст.
Тавре Муҳсин Миркамолов, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  иттилоъ дод, дирӯз ба ин муносибат дар бинои мақомоти шаҳр вохӯрии зоирин бо раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимзода  доир гашт. Зимни мулоқот шаҳрдори Хуҷанд изҳор дошт, ки маҳз бо шарофати  истиқлолияти давлатӣ имрӯз садҳо нафар сокинони кишвар имкон пайдо намуданд, ки озодона ин фарзияи диниро ба ҷо оваранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баъди сафари Ҳаҷ ҳар кадоме аз онҳо дар тарбияи ҷавонон, ваҳдати мазҳабӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб саҳмгузор бошанд, зеро шарафёб гаштан ба унвони ҳоҷӣ- ин, пеш аз ҳама, масъулият аст.
Муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо зоиринро  ба  риояи меъёрҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, амрҳои  динӣ ва расму оинҳои ислом тибқи мазҳаби ҳанафия  даъват намуд.

АМИТ "Ховар"

 

Tags: