Мақоми сармураббии дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бе роҳбар дер давом накард. Дар ин мақом Раҳматулло Фузайловро, ки дирӯз аз вазифааш барканор шуд, Тоҳир Муъминов, мураббии кордону таҷрибадор ва яке аз ҳамлагари беҳтарини дастаи мунтахаби кишвар иваз намуд. Охирин бошгоҳе, ки Муъминов то ин дам фаъолият дошт, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб буд. Ин масъулиятро ӯ дар нимаи соли 2015 бар дӯш гирифта, ҳамон сол дар сабқатҳои қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол нишонҳои биринҷиро ба даст овард.
Дар оғози мавсими нави футбол дар кишвар Муъминов аз мақоми сармураббии дастаи «Равшан»-и Кӯлоб канор рафт. Тоҳир Муъминов 45-сол дошта, таҷрибаи хубу кофии ҳамкорӣ бо бошгоҳҳои «Фаррух»-и Ҳисор, «Энергетик»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Хайр»-и Ваҳдат ва дастаи мунтахаби ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистонро доро мебошад. Ӯ ҳамзамон ба бозинагарони дастаи «Симурғ Алборз»-и Афғонистон низ маҳорату малакаи футболбозӣ омӯхтааст. Тоҳир Муъминов дар мақоми сармураббии дастаи ССКА «Помир» аз рӯзи 24 июл оғоз мекунад ва худи ҳамин рӯз бо дастаи «Регар Тадаз»-и Турсунзода дар доираи рақобатҳои марҳилаи 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон майдондорӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки Раҳматулло Фузайлов бо иллати ҳунарнамоии ғайриқаноатбахши дастаи ССКА «Помир» аз ин мақом барканор гардидааст. Ҳадафи назди ситоди мураббиёни бошгоҳ гузошташуда ин касби мақоми сеюм дар қисмати аввали чемпионати Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, аммо ин зинаро дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ба даст овард. Тими ССКА «Помир» бошад, дар зинаи шашуми ҷадвал қарор гирифт.