Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Красноярск довталабонро барои таҳсили зинаи бакалавр дар соли хониши 2022-2023 даъват менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2022-2023 ҷиҳати таҳсили зинаи бакалавр бо ихтисоси «ҳуқуқшинос» дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар шаҳри Красноярск озмун эълон менамояд», — омадааст дар иттилоияи Агентӣ.
Муҳлати қабули муроҷиати довталабон то 10 феврали соли 2022 идома меёбад.
Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти пурра ба шуъбаи кадрҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев 52-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ва ё тавассути рақамҳои (+992 37) 233-02-95 ва 234-05-39 дар тамос шаванд.
АМИТ«Ховар»