Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон -шаҳри Қӯрғонтеппа намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он Азим Иброҳим, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сохтмончиён, ки ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи август таҷлил мегардад, созмон дода шудааст.
ҳадафи ташкили намоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъморӣ, муаррифии маҳсулот ва масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, табодули таҷриба ва беҳтар гардонидани сифати масолеҳи бинокорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ, ки муддати ду рӯз идома меёбад, 16 ташкилоти лоиҳакашӣ, наздик ба 30 корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва 12 корхонаи хиштистеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ширкат намуда, маҳсулоти хуро ба намоиш гузоштанд. Чунин намоишгоҳ соли гузашта дар Душанбе –пойтахти ҷумҳурӣ ташкил гардида буд.
Интизор меравад, ки дар солҳои минбаъда намоишгоҳи масолеҳи сохтмонӣ дар марказҳои маъмурии вилоятҳои Суғду Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд ва Хоруғ гузаронида шавад.
Ҳамзамон дар назар аст, ки имрӯз дар доираи намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморию шаҳрсозӣ ва масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда озмуни «Беҳтарин истеҳсолкунандаи хишт-2017» ҷамъбаст гардад.
АМИТ "Ховар"