Дар Тоҷикистон теъдоди донорҳо торафт меафзояд

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад то охири соли 2017 шумораи  донорон ё хунсупорандагони ҷумҳуриро ба 50 ҳазор нафар расонад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ  хабар доданд.

Зикр гардид, ки   айни замон шумораи хунсупорандагон дар «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» ба 40 ҳазор нафар баробар мебошад. Бино ба иттилои манбаъ, то соли 2011 шумораи хунсупорандагон дар кишвар 25 ҳазор нафарро ташкил медод.

Тибқи иттилои Алишер Кабиров, муовини директори  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»,  давра ба давра беҳтар гардидани шароити хуби корӣ,  истифодаи имкониятҳои мавҷуда, такмили заминаи моддию техникӣ, корҳои  ташвиқотӣ миёни сокинон ва   муассисаҳои давлатӣ сабаб гардид, ки шумораи донорон ба маротиб рӯ ба афзоиш оварад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кормандони  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» аз аввали соли равон то имрӯз аз донорон ба миқдори 11 ҳазору  224 литр хун гирифтаанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба шахсони бемор гузаронида мешавад.

Tags: