Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯза мактаби боҳашамату навро бо 1640 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаб, ки бо тарҳи нодиру муосир аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонидани мактабҳо” бо маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ сармояи Фонди Саудии Рушд бунёд шудааст, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони сокинони ноҳияи Носири Хусрав мебошад.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди ин иншооти муҳими соҳаи маориф соли 2014 зимни як сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳияи Носири Хусрав аз ҷониби Сарвари маорифпарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд.
Баъди ифтитоҳи муассисаи таълимӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва толорҳои он бо шароити таълиму тарбияи насли оянда шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорони даргоҳи илму маърифат суҳбатҳои самимӣ доир карданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза дар масоҳати 2 гектар замин бо 32 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннии физика, химия, биология, лингафон, компютерӣ, таълими меҳнати духтаронаю писарона, кабинети инкишофи кӯдак, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, толори корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой, китобхона бо 32 ҷойи нишаст, дигар иншооти ёрирасон, аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ ва утоқҳои корӣ сохта шудааст.
Дар саҳни мактаб майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва майдонча барои дарси тайёрии ҳарбӣ бунёд гардидааст.
Фармоишгари сохтмони мактаб Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи лоиҳаи бунёди мактаби мазкур, аз ҷумла иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо таъмин кардани муассисаи таълимӣ пудратчиён — ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Панасия ЛТД”, “Қалъасоз”, “Нузам” ва “АртМедиа” иштирок карданд. Дар маҷмӯъ дар корҳои сохтмону васлкунӣ беш аз 200 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти мазкур бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосири меъморию сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат бунёд гардид ва аз ҷониби Сарвари давлат ба сифати корҳо баҳои баланд дода шуд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Носири Хусрав мулоқоти самимию созанда доир карданд.
Ҳадафи сафари навбатии кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, тадбирҳои ободонию созандагӣ ва иштирок дар ифтитоҳи иншоотҳо арзёбӣ гардида, Сарвари давлат нахуст ҳамаи ҳозиринро бо бунёди ин мактаби муосири таълимӣ муборакбод гуфтанд.
Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Носири Хусрав то замони таъсиси ноҳия ҳамагӣ 10 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Дар 20 соли мавҷудияти ноҳия шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 26 адад расида, дар онҳо беш аз 8 ҳазор нафар хонанда ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ба хотири беҳтар шудани вазъи соҳаи маориф бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳам аз иқдомҳои шоиста дар ин самт мебошад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки хонандагон бо истифода аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар нағз таълим гирифта, оянда ҳамчун шахсони соҳибилму соҳибкасб ба халқу ватани хеш содиқона хизмат мерасонанд.
Сокинони ноҳияи Носири Хусрав дар навбати худ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо кору пайкори хеш дар ободонию шукуфоии ватани азиз саҳми муносиб мегузоранд.

Tags: