«Озодапаланг- ифтихори миллии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон нахустин китоб ба забони тоҷикӣ дар бораи озодапаланг ё бабри барфӣ аз чоп баромад. Ин китоб аз ҷониби олимони тоҷик- сардори Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои биологӣ Неъматулло Сафаров ва корманди калони илмии Институти илмҳои гуманитарии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Қурбонидин Аламшоев таълиф ва омодаи чоп шудааст. Он аз ду ҷузъи чопӣ иборат буда, дар шакли ранга ба табъ расидааст. Китобро бо сифати баланд нашриёти «Сифат-Офсет»-и шаҳри Душанб ба нашр расонидааст.
Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон аст. Аммо аҳолии кишвар дар бораи ин ҷонвар иттилооти кофӣ надоранд. Дар китоб муаллифон кӯшидаанд дар шакли маълумотнома дар бораи озодапаланг-ҷонвари нодиртарини Тоҷикистон ба хонандаи тоҷик маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд. Хонанда метавонад тавассути ин китоб дар бораи озодапаланг тасаввуроти умумӣ ҳосил кунад. Дар китоб харитаи ҷаҳонии макони зисти озодапаланг оварда шуда, минтақаҳои зисти он дар Тоҷикистон нишон дода шудаанд. Хонанда метавонад дар бораи тасвири физиологии озодапаланг ва шароити зисти он дар кӯҳсори Тоҷикистон маълумоти зиёд пайдо кунад.
Дар китоб роҷеъ ба стратегияи давлатию миллии Тоҷикистон дар роҳи ҳифозати озодапаланг, ташаббусҳои ҷаҳонӣ баҳри ҳимояи ин ҷонвари нодир, Декларатсияи Бишкек- муҳимтарин ҳуҷҷати ҳимоятгари озодапаланг, таҳдидҳои асосӣ ба ҷони ин ҳайвон дар замони ҳозира, ғизои асосии он ва Рӯзи ҷаҳонии озодапаланг иттилои муфассал оварда шудааст. Тавре муаллифон нигоштаанд, озодапаланг дар фарҳанги тоҷикон аз қадим мавқеи муҳим дошта, мавриди парастиш ва эҳтиром қарор доштааст. Дар ин бора муаллифон далелҳои ҷолибу раднопазир овардаанд.
Аз ҷониби муаллифон роҷеъ ба хатарнок набудани ин ҷонвар ба одам қиссаҳои воқеии ҷолиб оварда шудаанд.
Дар охири китоб гимни озодапаланг ҷо дода шудааст, ки барои боз ҳам зиёдтар ҷалб кардани таваҷҷуҳи мардум ба нигоҳдорӣ ва ҳифозати озодапаланг кумак мекунад. Истифодаи акс ва расмҳои босифат дар китоб ба хонанда имкон медиҳанд дар бораи ин ҷонвар тасаввуроти зиёдтаре дошта бошад.
Китоб барои шогирдони мактабҳо, донишҷӯён, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, муҳаққиқон ва тадқиқотчиён пешбинӣ шудааст. Маълумотнома бо кумаки молии Лоиҳаи БР СММ/ГЭФ «Нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой ва Тён-Шон барои ҳифзи бабри барфӣ ва устувории некӯаҳволии ҷомеаҳо» ба табъ расидааст.
Озодапаланг ҳайвони ваҳшии нодиртарин маҳсуб шуда, ба «Китоби Сурх»-и ҷаҳонӣ (1963) ва «Китоби Сурх»-и Тоҷикистон (1988) дохил шудааст. Он ҳамчун зеботарин ҳайвони кӯҳӣ шинохта шуда, мавҷуд будани макони зисти он дар ҳар кишвар нишонгари поктарин экосистема аст/