Имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-Имкониятҳои нав барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор» баргузор гардид.
Конфронс бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд тарғиб намудани ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ташкил карда шуд.
Зарина Файзуллозода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино зикр намуд, ки мақсади конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба захираҳои обӣ ҳамчун асоси зиндагии инсон ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъат бахшидани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳамаи сатҳҳо ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствор» ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об мебошад.
Дар конфронс маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» аз ҷониби муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, «Нақши илм дар татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ходими калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ Ҳасан Асоев, «Нақши Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои ҳалли масъалаҳои экологӣ дар Тоҷикистон дар алоқамандӣ бо Ҳадафҳои рушди устувор» аз тарафи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ойхон Шарипова шунида шуданд.
Зикр гардид, ки бо пуштибонӣ аз иқдоми навбатии Сарвари давлат ҳар як шахси мутасаддӣ вазифадор аст, ки моҳияти ин амали бузургро ба аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон фаҳмонад.
АМИТ "Ховар"