Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Туҳфа Фозилова — арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» бо иштироки олимону санъатшиносон, адибону театршиносон ва мутахассисони соҳаи театри тоҷик ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳарии Тоҷикистон ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017»-ро, ки ба ифтихори 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР Туҳфа Фозилова аст, баррасӣ намуда, изҳор дошт, ки сатҳи касбии иштирокчиёни имсолаи фестивал-озмун назар ба солҳои пешина хеле боло рафтааст.
«Туҳфа Фозилова дар саҳнаи театри драмавии тоҷик аз драматургияи миллӣ ва ҷаҳонӣ нақшҳои зиёд офаридааст. Ӯ дар рушди санъати кинои миллӣ саҳми назаррас гузошта, дар филмҳои «Дохунда», «Ибни Сино», «Тӯфон дар Осиё», «Зумрад», «Имрӯз ва фардо», «Достони ду дилдода» нақш офаридааст»,-зикр шуд дар ҷамъомади мазкур.