ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» хабар медиҳад, ки дар мувофиқа бо роҳбарони давлатҳо ва Ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 10 феврали соли ҷорӣ хатсайри ҳавоии миёни Душанбе-Тошканд аз нав ба роҳ монда мешавад.
Минбаъд ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа, парвозҳоро тавассути хатсайри Душанбе-Тошканд ва Тошканд-Душанбе оғоз менамояд.
Хоҳишмандони сафар чиптаҳоро метавонанд аз кассаҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба даст оваранд.
Манба: АМИТ"ХОВАР"