Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат меборад ва раъду барқ ба амал меояд.

Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ҳолатҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво аз 24 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ба қайд гирифта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландиҳои 3000 метр барф меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 14 то 19 дараҷа ва дар шарқи ин вилоят аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ мегардад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ва чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо аз 21-26 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.

Дар водиҳо аз 18 то 23 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 12 то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешгӯйӣ мегардад. Дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо аз 21 то 26 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 14 то 19 дараҷа гарм мешавад.

Tags: