Имрӯз дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Зимни машваратҳо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдрахманов масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамкории ду кишвар вобаста ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳо низ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳадафҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия муайян намуданд.
Дар вохӯрӣ вазирони ду кишвар мубодилаи тасдиқномаҳоро ҷиҳати эътибор пайдо намудани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом доданд, ки тибқи Протоколи ба имзо расонидашуда 20 апрели соли 2017 эътибор пайдо кард.
АМИТ "Ховар"