Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.
18 апрели соли равон мулоқоти ҳайати Ҳизб бо муовини Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ хонум Ян Ҷюнтси доир гардид. Дар арафаи ин мулоқот вохӯриҳо бо роҳбарият ва кормандони Шуъбаи байналмилалии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин баргузор шуданд.
Барои ҳайат ҳамчунин вохӯриҳои дигар бо роҳбарияти ниҳодҳои маҳаллии ҳизбии Ҳизби Коммунистии Чин пешбинӣ гардидаанд.
АМИТ "Ховар"