Дар ҳамлаи Нитса зиёда аз 80 нафар кушта шудааст

Дар Нитса, шоми 14 июл як ҳамлаи террористӣ анҷом дода шуд. Дар ин ҳамлаи  хунин на камтар аз 80 нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии BFM TV.
«Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, теъдоди қурбониён на камтар аз 80 нафарро ташкил медиҳанд»,-гуфта мешавад дар паёми телевизионии шабака.
Мири шаҳри Нитса  Кристиан Эстрози ин ҳодисаро «бадтарин фоҷиа дар таърихи шаҳр» номид. «Ҳама чиз ишора ба он мекунад, ки амалҳои ронанда барқасдона буданд. Ӯ ҳамчунин ба издиҳом тир кушод. Дар мошин аслиҳаи зиёд ва ҳамчунин норинҷак ёфт шудааст», — гуфт мири шаҳр ба шабакаи BFM ТV.
Прокурори шаҳри Фаронса Жан-Мишел Претр изҳор дошт, ки ин ҳодиса феълан, ҳамчун як амали террористӣ мушаххас нашудааст. Дар ин бора ӯ дар шабакаи телевизионии BFM TV иттилоъ дод.
«Бо вуҷуди ин, ҷузъиёти зиёде моро водор месозанд, ки ин фарзияро пешниҳод намоем» — гуфт ӯ

АМИТ «Ховар»

Tags: