Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол 2016», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол — 2016», «Табиби сол — 2016», «Табиби оилавии сол — 2016» ва «Корманди миёнаи тибби сол — 2016»» ба тавсиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Кумитаи тадорукотӣ оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии соҳаи тандурустӣ тасдиқ гардида, ба ғолиби озмуни «Беморхонаи сол — 2016» — Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи К. Ахмедов ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол — 2016» — Маркази саломатии шаҳрии №10 ба маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Табиби сол — 2016» — мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Қутбидин Саидов ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол — 2016» — табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Наргис Худойбердиева ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол- 2016» ҳамшираи тиббии Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Гуландом Чақонова ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки ғолибони озмун дар Рӯзи пойтахт бо мукофотҳои таъсисдода сарфароз гардонида мешаванд.