Дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли равон рушди соҳаи саноати вилоят таъмин гардида, корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи зиёда аз 2 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо назардошти индекси нархҳо 145,1 фоизро ташкил дода, аз 116 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар моҳҳои январ-марти соли 2017 истеҳсоли 71 номгўй (61,2 фоиз) афзудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 7 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуда, 112 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
АМИТ "Ховар"