Се нафар сокинони пойтахт аз истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда заҳролуд шудаанд

Бегоҳии 6 апрел 3 нафар сокинони шаҳри Душанбе дар хонаи яке аз дӯстонашон дар натиҷаи истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда ҳангоми хӯроки шом худро бад ҳис кардаанд ва барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба духтур муроҷиат намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ба ҳамаи онҳо сари вақт ёрии таъҷилии тиббӣ расонида шуда, муайян карда шуд, ки ин нафарон аз истеъмоли консерваи дар шароити хона тайёркардашуда заҳролуд шудаанд ва ба онҳо таъҷилан зардобаи зидди бемории ботулизм гузаронида шуд.
Яке аз заҳролудшудагон Лола Рузиева, соли таваллудаш 1992 дар ҳолати хеле вазнин, дар дами марг бо гирифторӣ ба комаи мағзи сар ба шуъбаи наҷоти Маҷмааи «Истиқлол» ворид гардид ва бо кумаки табибони сироятшинос ва гурӯҳи наҷот аз ҳолати вазнин бароварда шуд.
Ду нафари дигар- Барно Тошпулотова ва Муслима Бобоева аввал ба беморхонаи шаҳрии №3 ва пас аз расонидани кумаки фаврии тиббӣ ба беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳрӣ интиқол дода шуданд. Гурӯҳи фаврӣ, ки ба он табибони сироятшинос, шуъбаи наҷот, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино шомил буданд, ба ин се нафар ёрии фаврӣ расонид.
Айни ҳол вазъи саломатии гирифторони ин беморӣ нисбатан беҳтар арзёбӣ карда мешавад. Ташхиси саривақтии сироятшиносон муайян намуд, ки сабаби гирифторӣ ба ботулизм дар ин хонавода истеъмоли бодиринги консервонидашудаи дар шароити хона тайёркардашуда гардидааст.
Мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид мекунанд, ки аз истеъмоли консерваи сабзавотии дар шароити хона тайёркардашуда, ки рангашон тира шудааст ва ё шубҳаоваранд, худдорӣ намоянд.

Tags: