Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Абдулазиз Камилов

6 апрели соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошканд қарор дорад, бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои самтҳои он, аз ҷумла дар ҳошияи ИДМ-ро баррасӣ намуда, оид ба проблемаҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: