Дирӯз дар майдони Спитамени ноҳияи Спитамен як гурӯҳи ҷавонон, ки ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ ба хизмати Ватан-Модар гусел карда шуданд.
Дар маросими гусели даъватшавандагон раиси ноҳияи Спитамен, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, волидони даъватшавандагон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт аст, ки ба онҳо дарси ҷавонмардиву шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб мебахшад.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар назди муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт маросими гусели аввалин гурӯҳи наваскарон доир гардид. Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо таъкид намуд, ки хазмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавонмарди бонангу номуси ноҳия ба ҳисоб рафта, имрӯз ҷавонмардони далери ноҳия ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд.
Ба иттилои Хадамоти матбуотии вилояти Суғд, дар маросими гусели аввалин гурӯҳи ихтиёриён аз ноҳияи Ашт 80 нафар ва аз ноҳияи Спитамен 60 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд.
АМИТ "Ховар"