Пардохтҳои гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав 50-фоиза шуд

Бо мақсади иҷрои нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 марти соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба тасвиб расид.
Дар асоси талаботи ин Қонун шаҳрвандон аз ин ба баъд метавонанд бо супоридани 50 фоизи пардохтҳои гумрукӣ тибқи меъёрҳои амалкунанда мошинҳои нав ворид намоянд. Маълумоти муфассал дар сомонаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: www.customs.tj

АМИТ "Ховар"

Tags: