Дар корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамиди шаҳри Сарбанд зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил мешаванд

nigina.jpgБо мақсади таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст. Ин нуктаро Нигина Анварӣ, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт.
«Лоиҳаи сармоягузорӣ дар навбати аввал бунёди корхонаҳои истеҳсоли аммиак бо иқтидори 120 ҳазор тонна ва карбамид ба иқтидори 200 ҳазор тоннаро дар як сол дар назар дошта, дар давоми 1,5 сол бунёд карда мешавад. Дар марҳилаи дуюм-васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аммиак то 300 ҳазор тонна ва карбамид то 500 ҳазор тонна дар як сол дар зарфи се сол ба анҷом мерасад»,- зикр кард Н. Анварӣ.

АМИТ «Ховар»

Tags: