Парлумон ба қонуни конститутсионӣ тағйирот ворид менамояд

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд. Дар ин росто масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони кишвар, ки 3 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.
Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбинӣ намудани маҳдудият нисбат ба номзад ба вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бинобар соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар таҳия ва пешниҳод шудааст.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.

АМИТ "Ховар"

Tags: